Перейти к содержимому
 

ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад.

ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Имсол ин сана ба 1 октябр рост омад. Бо дарназардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат бо гузаронидани ҳамоишу маҳфилҳои гуногун доир мегардад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба тайёр намудани омўзгорони касбӣ суҳбат намуд.

Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки  барои омода намудани омӯзгорони соҳибтахассус дар мамлакат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад, ки ҳамасола дар он садҳо нафар омӯзгорони касбӣ омода мешаванд. Баъди хатми соли  таҳсили 2023-2024  бояд беш аз 3 ҳазор нафар омӯзгорон дар донишгоҳ ҳамчун мутахассиси соҳибкасб омода шаванд.

Номбурда афзуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 ин донишгоҳи бонуфузро 2765 нафар хатм намуда, бештари онҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат ба фаъолият фаро гирифта шуданд. Тибқи омори моҳи январ, 2201 нафар  баъди хатми донишгоҳ  ҳамчун омӯзгор ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фиристода шуданд.

«Тасмим гирифтем, ки давра ба давра донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ба муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ ҷалб намуда, мушкилоти ҷойдоштаи норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намоем»,-гуфт ректори донишгоҳ.

Дар замони истиқлол таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем”.

«Рушди ҷаҳонбинии омӯзгорон, воқиф гардидани онҳо аз дастовардҳои навини ҳампешагони хориҷӣ самти дигари фаъолияти донишгоҳро ташкил медиҳад. Дар ин маврид тибқи қарордод як гурӯҳ омӯзгорон ба Ҷумҳурии Беларус сафар намуда, дар донишгоҳҳои ин давлат таҷриба андӯхтанд, ки ба назари мо, барои ҳамқадами замон намудани донишу ҷаҳонбинии онҳо ва боло бурдани ҷойгоҳи омӯзгор иқдоми муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, дар завминаи ҳамкории дуҷониба як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ низ давра ба давра нимсолаи академиро дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус анҷом дода, дар оғози соли нави таҳсил гурӯҳи дигари донишҷӯён дар остонаи фиристодан қарор доранд», -гуфт Аҳлиддин Ибодуллозода.

Сарвари давлат ба рисолати муқаддаси омӯзгор, инчунин захираҳои зеҳнӣ ва инсонӣ воқеъбинона баҳо дода, дар назди онҳо вазифаҳои нав гузоштанд.

«Воқеан, омӯзгори замони муосир бояд зираку ҳушёр бошад, аз раванди пешрафти илму дониш қафо намонад, дар доираи тахассуси худ маҳдуд нагардида, пайваста омӯзад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад, робитаи илм бо истеҳсолотро таъмин намояд, аз таҳаввули пурвусъати ҷаҳони имрӯза воқиф бошад»- таъкид намуд мавсуф.

Ректори донишгоҳ дар партави суханони Сарвари давлат чунин мешуморад, ки омӯзгори замони муосир бояд, пеш аз ҳама, дорои дониши мукаммали фарогир буда, бо технологияи инноватсионии таълим мусаллаҳ бошад.

«Омӯзгорон бояд аз услули кӯҳнаи таълим даст бардоранд, бо истифодаи усулҳои муосири таълим тафаккури ихтироъкорӣ ва навовариро дар зеҳни шогирдон падид оварад, шогирдонро ба роҳи рост, одобу ахлоқи нек, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ роҳнамун созад, онҳоро ба анҷом додани амалҳои хайру солеҳ ҳидоят намояд, дар дили ҷӯяндагони рози дониш, чароғи илму маърифатро барафрӯзад ва махзани маърифатро ба рӯйи онҳо боз намояд. Зеро омӯзгор ба тафаккури инсон сарукор дорад, руҳи онро солим нигоҳ медорад, яъне меъмори руҳи инсон аст», -мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои манбаъ, барои омода намудани омӯзгорони соҳибтахассус Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои синфҳои 5-11 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он наврасон ба равияи омӯзгорӣ фаро гирифта мешаванд.

P.S. Воқеан, омӯзгорӣ пешаи душвору заҳматталаб, вале  пурифтихору сутуданӣ аст. Омӯзгор дар ҷомеа мақому мартабаи баланд дошта,  аз эҳтироми ҳамагон бархурдор аст. Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғановатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Тавре шоир мефармояд:

Китоби ҳикмату маъно муаллим,

Чароғе дар раҳи фардо муаллим.

Ба неруе, ки дорад дар бисоташ

Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим