Перейти к содержимому
 

МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /НИАТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз гӯштини кураш медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро мағлуб намуд.

Дар даври ниманиҳоӣ ӯ аз Маҷид Воҳид Бариманлуи Эрон шикаст хурда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Ин нишони дуюми биринҷӣ ва медали чаҳоруми ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 мебошад.

Қаблан, медалҳои Тоҷикистонро дар ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.