ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир шуд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа, ки дар панҷ масофа аз рӯи синн қувваозмоӣ намуда буданд, бо медал, диплом, туҳфа ва ҷом қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ҳаракат намуданд.
Дар оғози мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши велосипедронӣ, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт сухан гуфта, тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро, ки аз ҳар минтақаи мамлакат ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар мусобиқа омадаанд, хайрамақдам намуд.
Дар фарҷом ғолибон ва ҷоизадорон, ки дар панҷ масофа аз рӯи синн қувва озмуданд, бо медал, диплом, туҳфа ва ҷом қадрдонӣ шуданд.