Перейти к содержимому
 

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун иброз гардид, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибе аст, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад.

Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.

Тайи ду соли охир озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст.

Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии озмун соли 2021 беш аз 320 нафар ва соли 2022 376 нафар довталабон аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Соли равон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки 42 ҳазору 718 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку деҳоти вилояти Суғд дар сатҳи баланд гузаронда шуд.

Дар даври дуюми озмун 8 ҳазору 729 нафар иштирок намуда, ба даври сеюм — вилоятӣ 1 ҳазору 222 нафар роҳхат гирифтанд. Аз онҳо 955 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 186 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 30 нафар омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд.

Барои баҳогузории холисона ва муайян намудани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ, беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд.