ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷудочии маъруфи Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу -2022 аз намуди ҷудо аввалин медали биринҷиро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёи Ханжоу -2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) бар Кингдага аз Чин бо имтиёзи иппон зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат менамоянд.
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.