Перейти к содержимому
 

«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023» гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Озмун аз 21 то 23 сентябр баргузор гардида, дар он 5 нафар: мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Мастура Алимзода,  мураббии кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Марҳабо Бобоҷонова, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова,  мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Шукрона Мадиева, мураббии кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саврина Оҷибангиева иштирок намуда, аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорат нишон доданд.

Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ доир шуд.

Мақсад аз гузаронидани озмун- баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсили томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.