Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар ин фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Дар доираи ин фестивал тамошобинон метавонанд намоишҳои театрҳои давлатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро бубинанд.

Ғайр аз ин донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали «Чодари хаёл» ҳунарманмоӣ менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин фестивал театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд.

Дар ин фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоиши «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро ба намоиш мегузоранд.