Перейти к содержимому
 

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба машғулияти гуногун фаро мегирад.

ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуда, бо мақсади такмили дониш ва маҳорату истеъдод дар маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» зиёда 40 маҳфили забономӯзию ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.

Таҳсил дар ин маҳфилҳо ройгон буда, имкон медиҳад, ки хонандагон ба забономӯзию ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шаванд.