ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.