ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни вохӯрии аъзои муколамаи занон ва Форуми волонтёрони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Барои меҳмонон сайрҳои осорхонавӣ баргузор шуда, ба ин восита онҳо бо мероси ниёгони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои нодир шинос шуда, аз таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, табиати зебо ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии бештар пайдо намуданд.
Баъд аз тамошои толорҳои намоишӣ меҳмонон таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навиштанд.