Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ-МИЗБОНИ ВОХӮРИИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳои профессор Саидумар Раҷабов дар ин мавзуъ.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба ҳамагон маълум аст, 14-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мегардад. Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани ин саммитҳо омодагии ҷиддӣ дидааст. Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидумар Раҷабов дар ин мавзуъ ибрози назар намуд.

Чорабинии якум — Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки солона дар шакли нишасти президентҳои панҷ давлати мустақили Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон доир мегардад. Чун қоида, вохӯрӣ дар яке аз ин панҷ давлат бо навбат баргузор мешавад.

Аввалин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гашта, дуюмаш 29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд. Моҳи августи соли 2020 баргузории ин ҳамоиш дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели паҳншавии бемории сироятии коронавирус  он барои як сол мавқуф гузошта шуд. Вохӯрии сеюм 6 августи соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон баргузор шуд. Вохӯрии чорум 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гардид. Вохӯрии панҷум 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар ҳошияи вохӯрӣ бар иловаи масоили ҳамгироии минтақавӣ, инчунин мулоқоти вазирони нақлиёт, форуми иқтисодӣ, форуми олимон, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ ва намоишгоҳи рассомон, ҳамоишҳои «Муколамаи занон – пешвоёни Осиёи Марказӣ» ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида истодаанд.

Мақсади вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ ба хотири ташаккули низоми устувори муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои асосӣ (иқтисод, сиёсат, амният, соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғ.) ва бе таъсири беруна ба ин минтақа мебошад. Пӯшида нест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ байни давлатҳо масъалаҳои калидӣ, мисли делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо, танзими обу энергетика, тиҷорату иқтисод, иқлиму экология роҳҳои ҳалли дурусти худро мунтазир мебошанд.

Чорабинии дуюм — ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад, ки яке аз чорабиниҳои сатҳи олӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

26 марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт. Таъсисдиҳандагони Фонди байналмилалии наҷоти Арал мамлакатҳои Осиёи Марказӣ– Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба ҳисоб рафта, сохтори ниҳоии ташкилии ин бунёд 28 феврали соли 1997 аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.

Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо навбат дар шаҳрҳои Алмато (солҳои 1993-1997), Тошканд (солҳои 1997-1999), Ашқобод (солҳои 1999-2002), Душанбе (солҳои 2002-2008), Алмато (солҳои 2009-2012), Тошканд (солҳои 2012-2016), Ашқобод (солҳои 2017-2019) ва инак дар Душанбе (солҳои 2020-2023) ҷойгир шуда, баъд аз анҷоми ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 раёсат ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.

Муайян шудааст, ки дар 30 соли охир омадани оби дарёҳои Сир ва Ому ба баҳри Арал 86 % кам шудааст, ки қариб 9 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Тибқи мулоҳизаҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, минтақаи баҳри Арал ба яке аз калонтарин фоҷиаҳои экологии сайёра табдил ёфтааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, яъне аз 60 000 км мураббаъ ба 28 000 км мураббаъ расида, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафтааст, яъне тамоюл ба хушкидан дорад. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтааст. Биёбон 2 млн гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расидааст. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд омада расидааст. Мардуми соҳилҳои баҳри Арал, хусусан калонсолону кӯдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Дар атрофи Арал қариб 5 млн нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад ва он «минтақаи фалокати экологӣ» эълон гардидааст. Фоҷиаи баҳри Арал ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа, воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки мисли нигине дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, дар манзари инсоният аз байн рафта истодааст.

Ба назари мо, барои ҳалли проблемаҳои минтақавӣ аз равишҳои кӯҳна дар сиёсати берунӣ даст кашида, ба таҳия ва муҳокимаи принсипу усулҳои нави ҳамкории минтақавӣ гузаштан зарур аст. Ва ин принсипу равишҳои нав равшан мебошанд: боварии тарафайн, муносибатҳои одилона ба нафъи тарафайн бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддат ва пешомадҳои тараққиёти ҳар яке аз давлатҳо ва минтақа дар умум.

Барои ба ҳамдигар наздик шудани мамлакатҳо ва оғози таҳияи принсипҳо ва равишҳои нави ҳамкории минтақавӣ нуқтаи назари худи давлатҳоро дар бораи нақш ва аҳамияти онҳо дар минтақа, имконият ва иқтидори ҳақиқии онҳо барои мусоидат ба некӯаҳволии умумиро аз нав дида баромадан зарур аст. Принсипҳои манфиатҳои умумии рушди минтақавӣ бояд бар манфиатҳои танги миллӣ, ки мамлакатҳо дар сиёсати минтақавии худ амалӣ менамоянд, бартарӣ дошта бошанд.

Ҳамин тавр, Осиёи Марказӣ бо якчанд чолишҳое рӯбарӯ аст, ки талош ва ҳамоҳангии ҷиддии мамлакатҳои минтақаро тақозо менамоянд. Ҳалли бисёре аз мушкилоти экологӣ, бевосита ба рафтору кирдор ва бархӯрди ояндабинонаи инсонҳо бо табиат марбут аст. Оқилонаву сарфакорона, мувофиқи эҳтиёҷ ва бо дарназардошти афзалияти дарозмуддат истифода бурдани захираҳои обӣ ва ба ин васила маҳфуз гузоштани баҳри Арал ва дигар сарватҳои табиӣ барои наслҳои оянда аз ҳар сокини минтақа маърифати баланди экологӣ, эҳсоси масъулияти инсониву виҷдонӣ тақозо менамояд.

Бешубҳа, дар тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ ба нафъи рушду суботи минтақа ва пешбурди фаъолияти «Фонди байналмилалии наҷоти Арал» саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.

Умед аст, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе тадбирҳои муштарак роҷеъ ба ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия мегарданд ва созмонҳову ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкилот мусоидат менамоянд.