Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе таҳти унвони «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони  «Захираҳои об, инноватсия, захира ва  энергиясарфанамоӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ  баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим ва ғайра  мебошад.

Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои зерин:  усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, гидроэкология, гидрохимия ва сифати об, рушди устувор ва иқтисоди «сабз», иншооти гидротехникӣ ва сохтмон, дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ, аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор, масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.