Перейти к содержимому
 

Оғози даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2023».

Бо ибтикори Сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади  санҷидани маҳоратии касбии мураббияҳои  4-ноҳияи пойтахт даври  шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» оғоз гардид. Озмуни мазкур бо иштироки ҳакамони он дар Муассисаи томактабии рақами 45-уми ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуруъ гардида, дар он мураббияи Кӯдакистони мазкур Манзура Исмоилова дар гуруҳи калони томактабӣ машғулиятро доир намуд. Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он донишҳои назариявӣ ва  фаъолияти амалии довталабон ҳаматарафа аз ҷониби аъзои ҳакамон санҷида мешавад. Сипас аз рӯи ба даст овардани холҳои зиёд аз миёни 4 нафар довталаб аз 4 ноҳия ғолиби озмун муайян  мегардад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин тадбири ақлонию зеҳнӣ довталабон аз рӯи 7 шарт сабқати зеҳнӣ менамоянд.