Перейти к содержимому
 

Роҳандозии намоиш — фурӯши маҳсулоти  кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ.

Намоиш-фурӯши маҳсулоти  кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ аз санаи 9-уми  моҳи  сентябри  соли равон оғоз ёфта то санаи  15-уми моҳи ҷорӣ  дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ноҳияҳо ва шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар боғи  фарҳангӣ фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати намояндагони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Мавриди қайд аст, ки нархи маҳсулоти пешниҳод гардида, нисбати  нархи маҳсулоти бозорҳои пойтахт 20-30 фоиз арзон буда, инчунин сифати маҳсулот тибқи талабот  ба роҳ монда шудааст.