Перейти к содержимому
 

Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент муайян гардиданд.

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони дуюми кушоди кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр муқаррар шуда, барои иштирок дар он варзишгарон аз тамоми манотиқи мамлакат ва аз 13 давлати хориҷӣ, ба монанди Узбекистон, Беларус, Чин, Ҳиндустон, Нигерия, Белгия, Кения, Англия, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Ҳиндустон ва Чин иштирок намуданд.

Ҳамаи варзишгарон масофаи 21 км 97 метрро тай намуда, аз зебоиҳои Ҳафткӯл ҳаловат бурданд. Баъзе аз иштирокчиён давандаҳои ҳаваскор буда, танҳо барои тамошо ва хушҳолӣ ин масофаро тай намуданд ва бо зебоиҳои Ҳафткӯл ва Тоҷикистони биҳиштосо шинос шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки ниммарафони варзишӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Сайри Бӯстон» доир гардид.

Ба ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофоти пулӣ инъом гардид.

Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент:

Мардон

Зуҳуршои Наҷмиддин (Тоҷикистон)

Самариддин Азимов (Тоҷикистон)

Бобоҷон Якимов (Тоҷикистон)

Аҳкомиддин Каримзода (Тоҷикистон)

Меҳробҷон Одинаев (Тоҷикистон)

Бонувон

Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)

Маҳина Баротова (Тоҷикистон)

Марҷона Маҳкамова (Тоҷикистон)