Перейти к содержимому
 

Таҷлили Рӯзи китоб.

Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон гузаронида мешавад дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ", Рӯзи дарҳои боз баргузор гардид. Зимни он барои дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани китобу китобхона аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 40 нафар кормандони ҷавон ҷалб шудаанд. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ чун Рӯзи китоб таҷлил  карда шавад. Ва ҳамасола ин санаи фархунда дар гӯшаву канори мамлакат дар сатҳи баланд доир мегардад.