Перейти к содержимому
 

Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон литсей ифтитоҳ шуд.

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли нави таҳсил Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ.

Тавассути озмун аз байни 500 нафар довталаб танҳо 250 нафар имкон пайдо намуданд, ки дар ин муассисаи таълимии муосир ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо тасмими роҳбарияти донишгоҳ дар баробари гурӯҳҳои тоҷикӣ инчунин таълим дар гурӯҳҳои русӣ низ ба роҳ монда шуд.

Ба ҷӯяндагони илму маърифат омӯзгорони варзидаи дорои дараҷаҳои баланди илмӣ ва мутахассисони варзидаи соҳибкасб таълим медиҳанд, ки ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Литсей бо технологияи муосири инноватсинӣ муҷаҳҳаз буда, барои хонандагон тамоми шароити мусоиди таълим фароҳам гардидааст.

Ифтитоҳи Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ туҳфаи арзишманд ба ҷӯяндагони дониш дар соли нави таҳсил мебошад.