Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40 шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кўдак мавҷуд аст. Таълим дар 11 гуруҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кўдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хўрокворӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кўдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин аст.