Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи МТМУ № 53  ш. Душанбе.

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омўзгорону кормандони муассиса, равоншинос, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.