Дар МТМУ №14 ш. Душанбе конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳсилоти рақамӣ - омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт» баргузор шуд. Зимни он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки танҳо соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой мавриди истифода қарор дода шуд. Илова бар ин дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 2110 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Гуфта шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31 ҳазору 471 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 732 тарбиягиранда зиёд гаштааст.