То оғози соли нави таҳсили 2023-2024 рўзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Аз ин рӯ ҳамасола Вазорати маориф ва илми ҶТ барои таъмини мактаббачагон бо китобҳои дарсӣ чораю тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат барои соли таҳсили равон 82 номгӯӣ китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 4 миллиону 167 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 89 номгўӣ китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 миллиону 475 ҳазору 750 нусха таъмин карда шуд, ки ин 51 фоизи эҳтиёҷотро ташкил медиҳад. Мувофиқи иттилои масъулин дар самти норасоии китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7 аз фанни забони англисӣ 27 ҳазору 521 нусха, боз фанни мазкур барои синфҳои 8-ум 18 ҳазору 898 нусха, инчунин забони англисӣ барои синфи 915 ҳазору 455-нусха, «Физика» барои синфи 9-ум 11 ҳазору 831 нусха ва тарбияи ҷисмонӣ барои синфҳои 1-4 125 ҳазор нусха дар умум 198 ҳазору 705 нусха китоб норасоӣ дошта, аз рўи имконият нашри онҳо ба роҳ монда шудааст.