Перейти к содержимому
 

Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад.

СУҒД, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён бо рафти баргузории даври сеюми озмуни мазкур дар вилояти Суғд шинос шуд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар доданд, даври сеюми озмун (вилоятӣ) аз 14 август дар МДТ «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»-и вилояти Суғд аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.

Муовини Сарвазири Тоҷикистонро зимни шиносоӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси вилояти Суғд  Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар даври сеюми озмун кӯдакону наврасон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштироки фаъолона доранд.

Матлубахон Сатториён ҷараёни иштирок ва раванди баҳогузории ҳайати ҳакамони озмунро аз рӯйи номинатсияҳо назорат намуд. Дар ҷараёни боздид ӯ масъулинро дастур дод, ки шаффофияти озмунро таъмин намоянд. Зеро ин озмун ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои арзанда дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ кумак менамояд.

Тавре маълум аст, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад.

Таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба баргузории ин озмун бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик калон  аст.

Даври сеюми озмун то 26 август идома меёбад.