Перейти к содержимому
 

БАҲРИ АРАЛ ВА МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОН. Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ба рафъи ин мушкилоти аср мусоидат менамояд.

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир масоили ҳифзи муҳити зисти солим ҳамчун заминаи асосии таъмини ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи инсоният яке аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби сатҳи байналмилалӣ  ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, дар фазои муносибатҳои экологӣ проблемаҳои мавҷуда вобаста ба самтҳои алоҳида тасниф гардидаанд.

Дар байни мушкилот ва муаммоҳои экологии сайёра масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ захираҳои обӣ ҷомеаи башариро бештар ба ташвиш овардааст.

Дарки воқеъбинонаи масъалаҳои мазкур, махсусан бархӯрди хирадмандонаву тадбирҷӯйиҳои илман асоснок дар ростои мушкилоти тағйирёбии иқлим аст, ки ҳалли масоили норасоии оби нӯшокӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Роҳбари давлат пайваста дар паёму суханрониҳои сатҳи минтақавию байналмилалии хеш оид ба масоили экологӣ, хосса маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳову баҳрҳо, ки манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ мебошанд, ибрози назар намуда, бо таҳлилҳои амиқи илмӣ, пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалиро ба иқдомҳои бетаъхиру ояндабинона ташвиқу водор менамоянд. Чунончи, Пешвои миллат таъкид медоранд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳар чи зудтар чораҳои зурурии муштарак таҳия ва татбиқ намояд”.

Дар пасманзари ҳифзи манбаъҳои обӣ баҳри Арал барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим дошта, нақши ҳуқуқӣ-экологии он қиёснашаванда аст.

Яке аз фоҷиаҳои экологии Осиёи Марказӣ- аз байн рафтани баҳри Арал мебошад. Баҳри мазкур то тамоюли хушкшавӣ, калонтарин кӯл дар Осиёи Марказӣ ва чорумин дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Сарчашмаҳои илмӣ гувоҳи он мебошанд, ки баҳри Арал то табдил шуданаш ба фоҷиаи экологӣ (оғози солҳои 60 садаи гузашта) дар баландии 53 метр аз сатҳи баҳр воқеъ шуда, масоҳати умумии он 66,5 ҳазор километри мураббаъ, ҳаҷми обаш 1 022,6 километри мукааб, дарозиаш 428 километр ва паҳноӣ ё бараш 235 километр будааст.

Баҳри Арал чандон жарф набуда, умқи миёнаи он 20-25 метр ва ниҳоияш 68 метрро ташкил менамуд. Масоҳати ҳавзаи Арал 690 ҳазор километри мураббаъро ташкил медод. Таркиби кимиёвии баҳр аз оби уқёнус фарқ дорад. Дар Арал намакҳои хлоридӣ ва фосфатҳою нитратҳо кам буда, намакҳои сулфатӣ нисбатан зиёд аст.

Маълум аст, ки Арал аз дарёҳои Сир ва Ому об мегирад. Дар ҳавзаи ин дарёҳо заминҳои обӣ бисёр буда, барои обёрии онҳо аз меъёри бехатарии экологӣ ба маротиб зиёд аз оби дарёҳо истифода мешавад.  То солҳои 50-уми асри ХХ Арал мувозинати худро нигоҳ медошт. Ҳар сол ба баҳр 64 км мукааб об ворид гардида, 63 км бухор мегардид. Лекин аз аввали солҳои 60-ум аллакай мушоҳида гардид, ки сатҳи оби баҳр муттасил кам шуда истодааст.

Олими машҳури рус Л.С. Берг ҳанӯз соли 1908 дар асари хеш «Очерки тадқиқоти географии Арал» оқибати аз меъёр ниҳоят зиёди обёрӣ намудани Осиёи Марказиро пешгӯйӣ намуда буд.

Дар 10-15 соли охир оби дарёҳои Сир ва Ому ба Арал қариб, ки намерасад. Муайян шудааст, ки дар 30 соли охир омадани оби дарёҳои Сир ва Ому 86 фоиз кам шудааст, ки қариб 9 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Баҳри Арал ҳоло тибқи мулоҳизаҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ба яке аз калонтарин фоҷиаҳои экологии сайёра табдил ёфтааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафт, яъне тамоюл ба хушкидан овард. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтааст. Биёбон 2 млн гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расид. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд расид. Мардуми соҳилҳои Арал, хусусан калонсолону кўдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Фоҷиаи баҳр ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа, воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки мисли нигине дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, дар манзари инсоният аз байн рафта истодааст.

Масоҳати сатҳи болоии баҳр, ки аввали солҳои 60 аз 60 000 км мураббаъ зиёд буд, ҳоло ба 28 000 км мураббаъ расида, раванди мазкур ҳамоно идома дорад. Бар ивази он биёбони пурнамак сол то сол васеъ шуда истодааст.

Харобшавии Арал ба шароити зиндагии 5 млн нафар аҳолии минтақа таъсири манфӣ расонида, ба бекорӣ, паст шудани сатҳи даромад, авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳо оварда расонидааст. Сатҳи зиндагии сокинони атрофи Арал тадриҷан паст рафта, дараҷаи фавти тифлон ва кӯдакон нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ хеле зиёд аст.

Мувофиқи маълумоти Иттифоқи байналхалқии нигаҳдории тандурустӣ масоҳати 400 000 км атрофи Арал «минтақаи фалокати экологӣ» эълон гардидааст. Ва дар ин ҳудуд қариб 5 млн нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки асосан вилоятҳои Хоразм ва Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистони Узбекистонро фарогир мебошад.

Аз рӯйи арзёбии коршиносон, миқдори намак бо камшавии оби баҳр хеле зиёд шуда, консентратсияи он имрӯз аз 35 фоиз боло рафтааст, ки дар қиёс ба оғози солҳои 60-ум се баробар зиёд аст.

Мувофиқи баҳои мутахассисон, бар асари буҳрони Арал доираи то 10 км атрофи баҳр ба ҳар гектар 2-3 тонна намак ва дар доираи 100-300 км ба ҳар гектар беш аз як тонна намак мерезад. Чунин паҳншавии намак дар минтақа таъсири манфии худро расонида, ба харобшавии олами набототу ҳайвонот боис шуда истодааст.

Бо он суръате, ки сатҳи об муттасил паст шуда, дар як сол  0,5 метрро ташкил медиҳад, имкон дорад, ки ҷазираҳои дигар низ оҳиста–оҳиста аз «оғўш»-и баҳр мебароянд ва дар оянда Арал чун баҳр аз байн рафта, ҳавзаҳо намаку заҳрогини зиёдеро ба вуҷуд оварда метавонанд. Дар ин замина, мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони байналхалқии соҳаи экология,  пешбинӣ гардидааст, ки дар даҳсолаи наздик аз баҳри Арал ҷуз биёбони сернамак дигар чизе боқӣ нахоҳад монд.

Сабаби асосии буҳрони Арал, бешубҳа, сиёсати кўр-кўронаи истифодаи сарватҳои табиӣ аст, ки мутаассифона, намунаи баръалои афзалиятдиҳии манфиатҳои инсонӣ нисбат ба ҳифзи муҳити мусоиди табиат мебошад.

Бобати ҳалли проблемаи Арал фикру ақидаҳо зиёд мебошанд. Иддае аз мутахассисон пешниҳод менамоянд, ки аз дарёҳои Сибири Ғарбӣ ба Осиёи Миёна об оварда шавад. Мувофиқи ақидаи дигар, кушодани маҷрои об аз баҳри Каспий ба Арал барои ҳалли проблемаи мавриди назар имконпазир аст. Гурӯҳи дигар бо роҳи сунъӣ афзун намудани бориши атмосфериро дар диёри болооби ҳавзаҳои дарёҳои Ому ва Сир тавсия медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар симпозиумҳои байналхалқӣ оид ба наҷот додани Арал беш аз 200 пешниҳод ироа шудаанд. Мутаассифона, то ҳол консепсияи мукаммали аз ҳама ҷиҳат асоснок ва мақбули олимону мутахассисон вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир яке аз роҳҳои мададрасонӣ ба Арал сарфа кардани оби дарёҳои Сир ва Ому мебошад.

Албатта, агар зимни азхудкунии заминҳо дар масъалаи обёрӣ, равнақу ривоҷи кишоварзӣ ва саноат хусусияти муҳити атроф, тавсияҳои илмии мутахассисон сари вақт ба назар гирифта шуда, нисбат ба муҳити зист муносибати ояндабинона зоҳир мегардид, чунин фалокати мудҳиш рӯй намедод. Бешубҳа, ҳалли бисёр мушкилоти экологӣ, бевосита, ба рафтору кирдор ва бархӯрди ояндабинонаи инсоният бо табиат марбут аст. Оқилонаву сарфакорона, мувофиқи эҳтиёҷ ва бо назардошти афзалияти дарозмуддат истифода кардани захираҳои обӣ ва ба ин васила  маҳфуз гузоштани баҳри Арал ва дигар сарватҳои табиӣ барои наслҳои оянда аз ҳар сокини минтақа маърифати баланди экологӣ, эҳсоси масъулияти инсониву виҷдонӣ тақозо менамояд.

Даст ёфтан ба ин мақсади наҷиб, ташаккули мафкураи сарфакориву муносибати ғамхорона нисбат ба сарватҳои табиӣ, тавассути роҳандозии самаранок ва тақвияти рӯзафзуни корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ, густариши иттилооти зарурӣ, дар шакли фаҳмову дастрас, мутобиқ ба синну сол ва сатҳи дарку фаҳм шарҳ додани аҳаммияту мубрамияти мушкилоти экологӣ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа имконпазир мегардад.

Мусаллам аст, ки ҳалли мушкилоти гуфташуда тадбирҳои муштараки кишварҳои минтақа, мусоидати созмонҳову институтҳои байналмилалӣ ва ҷудо гардидани маблағҳои зиёдро дар назар дорад.

Саҳми бузурги Президенти Бунёди байналмилалии наҷоти Арал,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар пешбурди фаъолияти “Бунёди байналмилалии наҷоти Арал”

Мояи сарфарозӣ аст, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар Рӯзномаи Ҷаҳонии Рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор гирифтаанд ва аксари ташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Дар ин маврид Роҳбари давлат иброз менамоянд, ки «бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин мавзуъ нуҳ  қатънома қабул намуд, ки ҳадафи онҳо ба муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи вобаста ба об ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин ҷода нигаронида шудааст».

Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳимми ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки татбиқи воқеии худро пайдо намуда истодааст. Барои тарҳрезӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузоштаанд, ки ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ниҳоят бузург ва саривақтӣ маҳсуб мешаванд.

Агар ба заминаҳои таърихӣ-бунёдии нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намоем, он аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва равобити мустақими байналмилалӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои умумиҷаҳонӣ маншаъ мегирад.

Махсусан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми назорати ирригатсионӣ ва ҳалқаи таъминоти гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки пештар фаъолияти муносиб дошт, барҳам хӯрда, баҳсҳои тозаро дар масъалаи истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об ба вуҷуд овард. Дар ин замина, моҳи сентябри соли 1991 вазирони захираҳои оби панҷ кишвари тозаистиқлоли минтақаи Осиёи Марказӣ эъломияи муштарак ба тасвиб расонида, дар он изҳор доштанд, ки барои ҳалли самарабахши мушкилоти обии минтақа идораи муштараки захираҳои об зарур аст ва ин раванд бояд дар асоси принсипҳои баробарӣ ва нафъи тарафайн амалӣ шавад. 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вазирони захираҳои обии кишварҳои минтақа Созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштарак, истифодаи оқилонаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва манбаъҳои байнидавлатӣ»-ро ба имзо расониданд, ки зимни амалишавии ин созишнома корҳои назаррасе аз тарафи ҷонибҳо амалӣ гардид.

Дар шароити нави муносибатҳои минтақавӣ марҳила ба марҳила заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии низоми идораи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа бунёд гардид. Аз ҷумла, 26 марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт. Яъне, имсол аз таъсис ва фаъолияти Бунёди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол сипарӣ гардид.

Таъсисдиҳандагони Бунёди байналмилалии наҷоти Арал кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба ҳисоб рафта, сохтори ниҳоии ташкилии ин бунёд 28 феврали соли 1997 аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун давлати ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аъзои фаъоли ин созмон мебошад. Аз ибтидо мақсад аз таъсиси Бунёди мазкур, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд.

Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал бо навбат дар шаҳрҳои Алмаато (солҳои 1993-1997), Тошканд (солҳои 1997-1999), Ашқобод (солҳои 1999-2002), Душанбе (солҳои 2002-2008), Алмаато (солҳои 2009-2012), Тошканд (солҳои 2012-2016), Ашқобод (солҳои 2017-2019) ва инак дар Душанбе (солҳои 2020-2023) ҷойгир шуда, баъд аз анҷоми ҷаласаи 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 раёсат ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.

Дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал байни давлатҳои минтақа якчанд эъломия ба имзо расид, ки ба манфиати тарафҳо буда, ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат менамояд: Аз ҷумла:

– Эъломияи Нукус байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилоти байналмилалӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал; 20 сентябри соли 1995, шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон;

– Эъломияи Алмаато, 28 сентябри соли 1997, Ҷумҳурии Қазоқистон;

– Эъломияи Ашқобод байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, 9 апрели соли 1999, пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон. Қобили тазаккур аст, ки ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Ашқобод созишнома дар бораи “Мақоми Бунёди байналмилалии наҷоти Арал” байни давлатҳои аъзо ба имзо расид;

– Эъломияи Душанбе, 6 октябри соли 2002, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабинӣ оид ба имзо расонидани Эъломияи Душанбе, ки ба даҳсолагии ташкил ёфтани Бунёди байналмилалии наҷоти Арал рост меомад, пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти Қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад.

Кишварҳои минтақа дар раванди иҷрои бандҳои эъломияҳо ва созишномаҳои болозикр дар масъалаҳои марбут ба об ва пешгирии мушкилоти оби ҳавзаи баҳри Арал корҳои назаррасеро дар руҳияи манфиатҳои тарафайн, риояи принсипҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила то ҳол ба анҷом расонида истодаанд.

Кӯшишу иқдом ва ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ва фарогири манфиатҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал татбиқ мешавад, таҷассумгари сиёсати хайрхоҳона ва ҳусни ҳамҷаворӣ аст.

Тибқи Оинномаи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал Раёсат дар доираи он дар асоси ивазшавӣ амал намуда, роҳбарӣ аз як давлат  ба кишвари дигар мегузарад. Фаъолияти ин созмон махсусан дар солҳои 2002-2008, зимни раисии Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳила Бунёди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро ҳамчун сохтори ҳамоҳангсози байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома дода, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда, инчунин таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиву созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ кӯшишу иқдоми зиёд ба харҷ дод.

Ҳамзамон 22 феврали соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ББНА, аъзои Кумитаи иҷроияи ББНА, намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони воҳидҳои сохтории ББНА баргузор гардид, ки ҳадафҳои зеринро фарогир буд:

– маълумотонидани аъзои Раёсати ББНА вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ББНА дар давраи раисии Тоҷикистон ва баррасии рафти татбиқи Барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал (БҲБА-4);

– натиҷаҳои бадастовардаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили сохтор ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ББНА;

– омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об, иштироки ББНА дар кори Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидани амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ».

Имсол низ Тоҷикистон раисии фаъолияти ин созмонро ба уҳда дорад. Аз ҷумла, 5-7 июни соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал /ББНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯйи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор шуд.

Дар конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ББНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, инчунин Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубрамияти масоили баррасишаванда буда, ҳамчунин фарогири ҳалли проблемаи ҳавзаи баҳри Арал мебошанд.

Дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал санадҳои зиёди дорои аҳаммияти муҳим ба имзо расонида шуданд. Масалан, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чунин бандҳои муҳимро дар бар мегирад:

– Солимгардонии минбаъдаи иҷтимоию экологӣ ҷиҳати беҳдошти аҳолии минтақаи ҳавзаи баҳри Арал;

– Баланд бардоштани нақши Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ҷалби донорҳо барои татбиқи лоиҳаю барномаҳо;

– Фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва татбиқи амалии барномаҳои ба нақша гирифташуда;

– Таъсиси Комиссияи махсуси СММ ва ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор барои ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал.

Қобили тазаккур аст, ки ҷаласаи 5-уми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Маҳз дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал якчанд қарорҳои муҳим қабул шуданд. Аз ҷумла, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси нозир пазируфта шуд, ки ин аз мақоми баланди ташкилоти мазкур гувоҳӣ медиҳад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани чорабинии мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 дар бораи омодагӣ ва баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал мақому манзалати хосса дошта, ҳамеша омода аст, ки дар руҳияи дӯстиву бародарӣ бо ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ саҳми арзанда гузорад.

Дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ё худ “дипломатияи об”, бешубҳа, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сарчашма гирифта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар сатҳи глобалӣ муаррифӣ намудаанд. Яке аз ин мушкилот наҷоти баҳри Арал аст, ки мамлакати мо баҳри рафъи ин мушкилоти аср саҳми арзанда гузошта истодааст.

Аҳаммияти байналмилалии ҳифзи манбаъҳои обӣ

дар пасманзари пешгирии хушкшавии баҳри Арал

Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво мушкилоти ҷиддии экологие аст, ки тайи даҳсолаҳои охир боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида, ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсири хатарнок расонидааст. Пайомадҳои нохушоянди он аллакай аз худ дарак дода истодаанд.

Об неъмати бебаҳо ва хосса барои Осиёи Марказӣ муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавӣ аст. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода мешавад. Муайян гардидааст, ки ҳоло зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад.

Бо афзоиши тадриҷии аҳолӣ ва шукуфоии иқтисодии кишварҳои минтақа, талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолии минтақа аз 20 млн ба 65 млн нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расидааст. Мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ, талаботи мазкур то соли 2030 то 20 фоизи дигар афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин ҷо аст, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо, масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.

Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона бо об ҳамчун неъмати бебаҳо ва ивазнашавандаи табиат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масоили марбут ба об дар сатҳи глобалӣ маҳсуб мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии баррасии масъалаи наҷоти баҳри Арал аз ҷониби Тоҷикистон- ин ноил шудан ба истифодаи самараноки иншооти мавҷудаи гидроэнергетикӣ ва ирригатсионӣ мебошад, ки ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми мазкур эҳтиёҷоти истеҳсолии мамлакатҳои моро қонеъ гардонида, ба танзими маҷрои дарёҳои минтақа имконият дода метавонад.

Чунончи, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки агар нисбат ба наҷоти баҳри Арал тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, ба проблемаҳои нарасидани оби тоза инчунин проблемаи гуруснагӣ низ зам гардида, тамоми минтақаро фаро хоҳад гирифт. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, хушкшавии баҳри Арал “сабаби ба вуҷуд омадани фалокати бузурги экологӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хароб гардидани минтақаи калон гардидааст”.

Маҳз оқибатҳои фоҷиабор доштани хушкшавии баҳри Аралро ба назар гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки тавассути ташаббусҳои глобалӣ оид ба масоили об, пеш аз ҳама, мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ – роҳи ҳалли пешгирии хушкшавии баҳри Аралро пайдо намуда, мавриди татбиқ қарор диҳанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори аввал роҳбарии ББНА-ро соли 2002 ба уҳда гирифта, онро соли 2008 ба анҷом расонид. Дар ин давра аз ҷониби Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд гузаронида шуда, паҳлуҳои гуногуни мушкилоти баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-4 декабри соли 2007 ҳамчун Президенти Бунёди байналмилалии наҷоти Арал зимни баромад дар Саммити 1-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором пешниҳод намуданд, ки ба ББНА мақоми Институти СММ дода шавад, зеро “давлатҳои минтақа ба танҳоӣ наметавонанд бо ин вазъият мубориза баранд”.

Дар баробари ин, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи хушкшавии Арал аз ҷониби Президенти вақти Бунёди байналмилалии наҷоти Арал муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои махсус оид ба чанд масъала андешида шуданд, аз ҷумла:

– оид ба эълони Соли байналмилалии оби тоза (с. 2003) ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ;

– оид ба қарордод байни ББНА, Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ, Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (3 июни с. 2004), Ёддошти ҳусни тафоҳум, ки нахустин қадами муҳимми амалӣ дар кори амалисозии ташаббусҳои роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба додани мақоми Институти СММ ба ББНА ба ҳисоб мерафт;

– намоиш дар форумҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба эълони ҳавзаи баҳри Арал ҳамчун минтақаи пилотии афзалиятнок оид ба амалишавии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва қарордодҳо барои мутобиқат ба созишномаи байналмилалӣ оид ба шарикии ҳама ҷонибҳои ҳавасманд;

– оид ба зарурати коркарди Доктринаи Обии Осиёи Марказӣ бо муайянкунии принсипҳои ҳаматарафаи сиёсати обӣ бар манфиати ҳамаи истифодабарандагони об дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии глобалии иқлим, манфиати давлатҳо, зарурати ҳифзи табиат, коҳиш додани хатари офатҳо вобаста ба об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ рушди устувор;

– оид ба даъвати чорабинии махсуси сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи Маҷмаи Умумии СММ, ки ба муҳокимаи вазъи масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва баррасии қадамҳои мушаххас дар бартарафкунии мушкилоти вобаста ба об бахшида шудааст;

– оид ба ташкили Консортсиуми Байналмилалӣ доир ба истифодаи оби тозаи нӯшокии кӯли баландкӯҳи Сарез дар Тоҷикистон бо мақсади обтаъминкунии миллионҳо муҳтоҷи Осиёи Марказӣ ва роҳ надодан ба хатари имконпазири рахнаи он барои ҳифзи 6 млн аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Туркманистон.

Мувофиқи омори расмӣ, тайи раёсати Тоҷикистон ба ББНА 1 маҷлиси роҳбарони кишварҳои минтақа оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, 9 ҷаласаи Раёсати ББНА, 4 ҷаласаи донорҳо, якчанд конференсияҳои сатҳи баланд, даҳҳо семинару ҳамоиш ва дигар вохӯриҳо баргузор гардида, наҷоти баҳри Арал ва ҳалли мушкилоти он дар сатҳҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз натиҷаи 9 ҷаласаи Раёсати ББНА 123 қарор қабул гардида, 45 масъала оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои зиёди об ба ҳалли мушкилоти вобаста ба ин унсур назари нек дошта, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо ҷиҳати ҳалли масоили ҷойдошта нигаронида шудаанд.

Мо, ҷомеаи мадании давлати озоду соҳибистиқлол, аҳли зиё, вакилони халқӣ, масъулони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии мамлакат, омӯзгорону муҳаққиқон, олимону коршиносонро зарур аст, ки ҷиҳати ташвиқу тарғиби васеъ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби олимону муҳаққиқон ба омӯзишу пажӯҳиши масоили марбут ба обу иқлим ва обшавии пиряхҳо, баҳри афзунсозии фарҳанги экологӣ ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати бархӯрди ғамхорона бо неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обӣ, ҳиссагузорӣ дар таъмини муҳити зисти солим ва рушди устувори Ватани азизу маҳбуб иқдоми судмандро амалӣ намоем.