Ҳамасола дар арафаи соли таҳсили нав дар сар то сари ҷумҳурӣ машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад. Аз ҷумла чунин як тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ дар таълимгоҳи рақами 23-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фаннӣ ва кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Гуфта шуд, ки роҳандозии чунин машваратҳои омўзишӣ - дастурдиҳӣ ба манфиати кор ва соҳа буда, ба омӯзгорони ҷавон роҳу усул ва методҳои нави таълиму тарбияро меомӯзонад, ҳамзамон аз омӯзгорони собиқадор таҷриба мегиранд,ки ин тадбир дар рушду густариш ва пешрафти минбаъдаи соҳаи мазкур нақши муассир мегузорад.