16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои маишии он шинос шуданд.
Бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1 ва 2 ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ аз 25 ҳуҷра иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.
Масоҳати умумии замини иншоот 8 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2019 оғоз ёфта буд. Бо дарназардошти баландошёна будани бино, дар он як лифти замонавӣ насб карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат нисбат ба шахсони маъюб, ба як оилаи ниёзманд дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадя карда шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву расонидани кумак ба табақаи эҳтиёҷманд идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешавад, то ин ки онҳо танқисӣ накашанд.
Дар хонаҳои бинои баландошёна барои зиндагии шоиста имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифат ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа фаъолият дошта, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, тақдим гардид.
Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ соҳибони хуштолеъи хонаҳои хуштарҳу зебо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, баҳри иҷрои рисолати бардӯшдоштаашон дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногуни иётисодиёти мамлакат содиқона фаъолият менамоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти кору фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои зарурӣ андешида, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ бунёду ба истифода дода мешавад.