16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ноҳияи Ванҷ 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар он 120 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо 3217 саҳмдор дар 1458 гектар замини обӣ кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Дар маҷмуъ заминҳои корами ноҳияи Ванҷ бештар аз 2 ҳазору 600 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бештар аз 1000 гектари онро боғу себзор дар бар мегирад.
Кишти такрорӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мешавад, имсол дар 60 гектар гузаронида шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ дар масоҳати 5 гектар боғи нав бунёд гардида, ҳамзамон дар масоҳати 10 гектар боғҳои куҳна бо шинонидани дарахтони мевадиҳанда барқарор карда шуд.
Кишоварзони ноҳияи Ванҷ бо заҳмати худ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт дар фаровонии таъмини бозорҳои ноҳияи Ванҷ ва ноҳияҳои гирду атроф саҳми назаррас доранд.
Ноҳияи Ванҷ барои парваришу истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ иқлими мусоид дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила масоҳати заминҳои кишт зиёд карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ кишти навъҳои нави гуногуни меваю сабзавот ва зироати донагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола аз он хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ванҷ ҳосили фаровон ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳия дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Тибқи маълумоти оморӣ 85-90 дарсади аҳолии ноҳия ба кишоварзиву чорводорӣ ва боғдориву растанипарварӣ машғул буда, даромади аҳолӣ аслан аз ҳамин ҳисоб сарчашма мегирад.
Зимни суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, фаъолиятро аз рӯи таҷрибаи андӯхтаашон боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ хоҳанд монд.
Хоҷагидорони ноҳияи Ванҷ ҷавобан ба дастгириҳои пайвайстаи Сарвари давлат уҳдадор шудаанд, то бо заҳмати аҳлона дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон бо гирифтани ҳосили фаровон дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузошта бошанд.
Фаровонии маҳсулот дар намоишгоҳи мазкур далели возеҳи он аст, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни муҳиму бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовору арзанда дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт сазовор истиқбол мегиранд.