Перейти к содержимому
 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ.

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ ва ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳия барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 117 иншоот ба маблағи 191 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 41 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ин раванд, илова ба корҳои ободонии то имрӯз суратгирифта, густариш бахшида шуда, мушкилоти мардуми ноҳия то дурдасттарин деҳоти он ҳарчи бештар ҳаллу фасл карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия 95 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 133 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд.

Лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст. Барнома 116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки дар доираи он то имрӯз ҳамагӣ 26 лоиҳа дар ҳаҷми 98 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вазифадор карда шуд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон, аҳолӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор густариш дода, ҷиҳати дурусту мақсаднок аз худ намудани маблағҳои ҷудогардида ва таъмин намудани иҷрои барномаву лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин ба роҳбарияти ноҳия супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо мақсади ташкил намудани маркази замонавии нигоҳдориву бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаи таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ ба тағйирёбии иқлим ва азхудкуниву обёрӣ кардани заминҳои нав чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки раисони вилоят ва ноҳияи Ванҷ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имкониятҳои ноҳияро дар самти рушди саноат ҳамаҷониба таҳлил намуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои саноатӣ барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор карданд, ки минбаъд низ мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ ҳидоят намоянд.

Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ванҷ дар оянда низ бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат як гуруҳ сокинони ноҳияи Ванҷ, кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 Умар Орзуев ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Заррина Музаффарова бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи бебозгашт ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, баромад карданд.