16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ карданд.
Бинои Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Иншот аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар масоҳати 816 метри мураббаъ сохта шудааст.
Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додаанд.
Дар Марказ 7 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд.
Марказ дорои шароити муосир буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 144 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 4 маҳфил амал мекунад, ки аз 16 гурӯҳи таълимӣ иборат мебошад.
Мувофиқи лоиҳа, дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 8 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мегарданд.
Бинои Марказ аз маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи компютерӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, пухтупаз ва меҳнат иборат буда, дар он омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар китобхонаи марказ 500 номгӯйи китоби гуногуни бадеию таълимӣ мавҷуд аст. Раванди таълим дар маркази навбунёд бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд.
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо системаи гармидиҳӣ, камераҳои назоратӣ ва дигар техникаи муосири маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бунёди Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи дурдасти Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти хоса дошта, барои таҳким бахшидани қобилият ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон заминаи мусоид мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон масъулонро барои ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани кӯдакону наврасон, ташкили маҳфилҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.