Майдончаи солимгардонии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамасола тибқи нақша фаъолият намуда, дар соли ҷорӣ низ дар 4 баст амал мекунад. Айни замон басти сеюм идома дошта, дар он 40 нафар кӯдак ба истироҳату фароғат ва омӯзиш машғул ҳастанд. Тибқи иттилоъи масъулин нахуст кӯдакон ҳангоми ба ин макон омадан ба машқи пагоҳирӯзӣ ва обутоби бадан машғул мешаванд. Дар ин баробар онҳо дар дигар машғулиятҳо низ иштирок намуда, байни ҳам санҷиши дониш ва дигар мусобиқаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Дар як вақт истироҳаткунандагон ба китобхона ҷалб гардида, дар синфхонаи махсус ба мутолиа ва омӯзишу азхудкунии ҳикояву афсона ва дигар асарҳо машғул мешаванд.