Дар маросими қадршиносии даври ноҳиявии озмуни ҷумхуриявииФурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» намояндагон аз Ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни номбурда ширкат намуданд. Нахуст масъулин суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва ғолибонро табрику шодбош гуфта барояшон дар даврҳои оянда муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд. Ҳамин тавр дар номинатсияи адабиёти муосир ҷои аввал насиби Мадина Назарова гардид. Дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти классик Мустафо Толибзода ва аз адабиёти ҷаҳон Оиша Асророва ба гирифтани ҷойҳои якум ноил гардиданд. Дар номинатсияи эҷод дар бахши назм Сановбар Ибодова ва дар бахши наср Робия Ҳакимова сазовори ҷои аввал шуданд.