Перейти к содержимому
 

Дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон чор кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд.

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи фоҷиабор ба қайд гирифта шуд. 4 нафар кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ гардид, ки хурдсолтаринашон ҳамагӣ 7- сола будааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамаи кӯдакон дар назди обанборҳо бе назорати калонсолон ба оббозӣ машғул будаанд.

3 июн, тахминан соати 13:00, сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми оббозӣ дар ҷои мамнуъ – канали деҳаи Ҳулбук ғарқ шуданд. Наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб тавонистанд ҷасади кӯдаконро танҳо баъд аз 4 июн пайдо карда, ба наздиконашон супоранд.

«Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. 3 июн, тахминан соати 14:20 духтари 7-солаи деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои наҷот додани бародари 5-солааш ба канал даромада, дар натиҷа ба қубури ҳаҷмаш 1,5 метри мукааб афтода, ғарқ шудааст. Писарбачаро сокинони маҳаллӣ наҷот доданд, аммо духтарро наҷот дода натавонистанд.

«Наҷотдиҳандагон пас аз кофтукоби дурӯза ҷасади духтарро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд», — иттилоъ доданд дар кумита.

Фоҷиаи сеюм дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба амал омад. 4 июн, тахминан соати 10:00 сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахши Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ки ба чаронидани чорво дар назди дарёи Вахш машғул будааст, дар дарё шино карда, ғарқ шудааст. Ҷасади наврасро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз аввали сол то имрӯз 47 нафар дар обанборҳои мамлакат ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, дар назди обанборҳо ва дар об қоидаҳои рафтори бехатарро қатъиян риоя кунанд.