Перейти к содержимому
 

Пагоҳ хонандагони синфҳои 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба таътили тобистона мебароянд.

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум ба анҷом мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо хабар дод.

Машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11   1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.