Дар Муассисаи томактабии рақами 1-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни Мураббии сол-2023 баргузор гардид. Довталабони озмун аз 10 Муассисаи томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар назди ҳакамони озмун аз рӯи 10 шарти пешниҳодшуда, аз ҷумла намоиши дастовардҳои довталабон, ҳисоботи эҷодӣ, донистани ҳуқуқҳои меъёрии соҳаи маориф, маҳорати сухандонию суханварии довталаб, донистани муаммоҳои педагогӣ ва психологӣ, кор бо технологияи муосир, машғулият дар гуруҳ дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Озмуни мазкур пас аз натиҷагирӣ ва саволу ҷавоб бо довталабон аз ҷониби аъзои ҳакамон ҷамъбаст гардида, ғолиб ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2023» роҳхат мегирад.