Аз 23 то 29 апрели соли равон дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, аз он ҷумла дар ҶТ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони Васоити ахбори омма доир гардид. Ҳамоиш оид ба хафтаи аврупои иммунизатсия дар ҶТ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" баргузор гардид. Мақсади асосии ин чорабинии муҳим баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда аз он ҷумла сил, гулузиндонак, сурхча баногӯшак, фалаҷ, кабудсулфа, сироатҳои ротавирусӣ мебошад.