Перейти к содержимому
 

Дар номинатсияи «Композитсияи беҳтарин»-мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардид.

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола», ки маросими ҷоизасупории он 28 марти соли 2023 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе барпо гардид, дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» — Боғи ба номи Аҳмади Дониш ва дар номинатсияи «Композитсияи беҳтарин» — мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойҳои якумро сазовор гаштанд, иттилоъ дод муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Номбурда изҳор дошт, ки «тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо- «Сайри гули лола» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112 550 сомонӣ ҷудо намуд. Ғолибони ҳамаи номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд».

««Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад», — тазаккур дод номбурда.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки мисли солҳои пешин ободкорони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин озмун пешсафӣ нишон дода, дар чанд номинатсия ба гирифтани ҷойҳои аввал сазовор гаштанд.

«Имсол Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ба 15 апрел рост омадааст. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рўзи пойтахт дар ноҳияи мо корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат гирифта, дар кўчаю хиёбонҳо ва ҳудуди боғҳои фарҳангию фароғатӣ шинонидани гулҳои мавсимӣ идома дорад»,-илова кард Наргис Шарифзода.