Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Дар Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дарси технологияи меҳнат дар сатҳи зарурӣ ҷараён мегирад. Омӯзгорон хонандагонро бо ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дӯхтани либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, пухту паз ошно сохта, ба онхо тамоми нозукиҳои ин ҳунарҳоро нишон медиҳанд. Ҳамзамон барои писарон низ синфхонаи алоҳида бо асбобу лавозимотҳои лозима муҳайё гардидааст, ки хонандагон метавонанд касбу ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд.