Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» соли 2-юм аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ,дақиқ ва табиӣ, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм ба истеҳсолот, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо роҳандозӣ мегардад. Даври ноҳиявии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ» -и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир шуда, дар он хонандагони фаъоли синфҳои 9,10 ва 11 –ум аз тамоми таълимгоҳҳо ва гимназияю литсейҳои ҳудуди ноҳияи мазкур ширкат варзиданд. Дар даври навбатии озмун беш аз 100 нафар довталаб иштирок намуд. Озмуни мазкур ба таври амалӣ ва тестӣ аз рӯи 8 фанни таълимӣ гузаронида мешавад.