Перейти к содержимому
 

Иштироки муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон.

Дар шаҳри Белгради кишвари Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта доир гардид. Дар натиҷа ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муяссар шуд,то ба гирифтани 4 медали тилло, 2 нишони нуқра ва шаш ҷоизаи биринҷӣ мушарраф гардад. Аз ҷумла,Манижа Самадова, Отабек Раҷабов  унвони  қаҳрамониро ба даст оварданд. Ба иқрори масъулин иштироки муҳорибачиёни тоҷик дар муқоиса ба соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон беҳтар буд. Зеро соли қаблӣ варзишгарони мо соҳиби 7 медали гуногун гашта буданд. Имсол шумораи медалҳо ба 20 адад расид, ки аз он 4-тоаш медали тилло аст.