Перейти к содержимому
 

Чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ба ифтихори рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ.

Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт бахшида ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои фарҳангӣ  бо ташаббуси Вазорати мудофиаи ҶТ роҳандозӣ шуд. Дар тадбири мазкур афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии сохторҳои ҳарбӣ, ҷавонону сокинони пойтахт  иштирок намуданд. Дар навбати хеш аҳли санъат тавонистанд, бо суруду таронаҳои Ватандўстона табъи ҳозиринро болида намоянд.