Перейти к содержимому
 

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Душанбе ба мавсими нави даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ омодагӣ мебинанд.

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2022 «Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2022» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоти и дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли равон маъракаи муҳими давлатдорӣ ба хотири ҳифзи сарҳад ва арзишҳои миллию муқаддасоти давлатӣ, сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор мегардад.

Ситоди мазкур зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир гардида, дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои Комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарияти шаҳриву ноҳиявии комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.

Бо ин мақсад ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» саҳми ҷавонон дар ҳимояи марзу буми мамлакат таъкид гардид.

«Мо бо ҷавонони давлати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд», иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.