Перейти к содержимому
 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚДОМОТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. Эътибори байналмилалии Тоҷикистон қавитар мегардад.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф  гардидааст. Чунин ибрози андеша намудааст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин МУҲРИДДИН дар мақолаи худ бахшида ба иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   

Дар зер матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.

Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои манфиро ба бор меорад. Бинобар ин, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои тоҷикон – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо, кишварҳои дунёро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд.

Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз соли 2009 дар пойтахти Дания – шаҳри  Копенгаген зимни суханронии Сарвари давлат дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуда, ибтикори мазкур, инчунин, дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ, дигар чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ матраҳ гардида, барои пешбурди ин ташаббус бо ҳамаи шарикон ҳамкориҳои зарурӣ роҳандозӣ гашт.

Зимнан, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.

Дар санади қабулшуда аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар Фонди эътимоди ҳифзи пиряхҳо бо мудирияти Дабири кулли СММ ва ниҳодҳои дахлдори ин созмон, даъват ба амал оварда шудааст. Ҳадафи асосии Фонд, ҷалби дастгирии кишварҳо ҷиҳати вокуниши сареъ ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он аст.

Рӯйдоди муҳиму таърихӣ арзёбӣ шудани қабули Қатъномаи мазкур, яъне ташаббуси навбатии Тоҷикистон  дар  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) низ, сабаб дорад. Зеро тибқи ин қатънома, дар таърихи СММ бори аввал аст, ки як рӯзи алоҳида – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзҳои зиёди таърихию байналмилалӣ вобаста ба соҳаҳои гуногун дорад, аммо бояд қазоват кард, ки бо ҷонибдории 193 кишвари ҷаҳон эътироф шудани рӯзи алоҳидаи ҷаҳонии пиряхҳо ва он ҳам бо ташаббуси як давлате, ки на узви Шурои амнияти СММ асту на дорои захираҳои ҳангуфти энержию молӣ ва дигар зарфиятҳои фишороварӣ, воқеан кори саҳл нест. Ин эътироф, дарвоқеъ эътирофи нуфузи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсии Пешвои тоҷикон ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки таъсир ба захираҳои обии сайёра, яке аз ҷанбаҳои муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, маҳсуб меёбад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ошомиданӣ ҳамарӯза кам гардида, сифати он коҳиш меёбад. Ҳалли чунин мушкилӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки об дар онҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто зарур аст, ки дар баробари механизмҳои бешумори марбут ба вокуниш ба тағйирёбии иқлим чунин абзорҳо ва бархӯрди муносиб дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори он низ, роҳандозӣ гарданд. Дигар нуктаи муҳим он аст, ки  бо  ибтикори Тоҷикистон ва ҳамёрон, бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне “COP 27”, мавзуи об ҳамчун як масъалаи алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон акнун, мавзуи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд. Зимнан, қобили тазаккур аст, ки 21 декабри соли 2020 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси 75-ум Қатъномаи А75/212-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи давлатҳои аъзои СММ пешниҳод шуда буд, бо номи “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, (2018 – 2028) қабул намуд.

Инак, дар доираи татбиқи Қатъномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баргузории ҳамоишу конфронсҳо ва чорабиниҳои муҳим идома меёбанд, ки Тоҷикистон дар онҳо аллакай, ба сифати кишвари соҳибтаҷрибаву ташаббускор аз мавқеъ ва манзалати хос бархӯрдор буда, дар умури тадорукот мудириятро низ бар уҳда дорад. Дар доираи қатъномаҳои бо ташаббуси Тоҷикистон қабулшуда, дар минтақаҳо ва кишварҳои дунё даҳҳо сохтори минтақавию байналмилалӣ таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо мусоидат ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои мухталифи иқтисодӣ бо об ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи об дар ҳама сатҳҳо – маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Чуноне дар гузоришу ҳисоботи СММ ва ниҳодҳои зертобеи он, Бонки ҷаҳонӣ инчунин, дигар сохторҳои байналмилалӣ мушоҳида мешавад, татбиқи қатъномаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, яъне вобаста ба таъмини оби ошомиданӣ ва беҳдошти экологии иқлим инчунин, роҳандозии ҳамкории созанда байни давлатҳо замина ва шароити муносибро эҷод мекунад. Яке аз мисолҳои возеҳ, ин тақвияти ҳусни эътимод ва фарогиру беҳтар шудани сатҳи ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои самаранок истифода бурдани захираҳои оби минтақа мебошад.

Қобили қайд аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан ягон минтақае нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад ва бино ба таҳлилҳо, агар саъю талошҳои муассири муштарак анҷом дода нашавад, масоили мазкур аз ин бештар печидаву мураккаб хоҳад шуд.

Чуноне ишора намудем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти мавзуи мавриди назар ва ширкати фаъол доштан дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва таъмини платформаи муколамаи сиёсӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро ташкил ва мизбонӣ менамояд. Ин нишастҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” эътироф намудааст. Чорабиниҳои сатҳи баланди Душанбе, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд, имконияти саривақтиро барои тавсеаи шарикӣ, пайдо намудани роҳҳалҳои оқилонаи мушкилоти марбута фароҳам меоранд ва аз ҳама муҳим, ҳусни эътимодро миёни давлатҳои ҷаҳон тақвият медиҳанд.

Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 Панели сатҳи олию баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони “Пешвоёни обу иқлим” аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва механизми “СММ – Об” таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси Панел, пешбарии ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми арзанда дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз аввалин даъватшуда барои узвият дар ин Панел буданд.

Соли ҷорӣ аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бо ҳамраисӣ Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”- ро баргузор мекунанд. Ин дуюмин конфронси сатҳи ҷаҳонист, ки пас аз нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ (Аргентина) баргузор мегардад.

Дар ин робита, ҳанӯз моҳи апрели соли 2021 аз ҳисоби коршиносони Тоҷикистон, Нидерланд, UNDESA ва UN-Water гурӯҳи корӣ ташкил шуда, он ба таври мунтазам ҷаласаҳои худро баргузор менамояд. Дар ин раванд якчанд санадҳои дахлдор, аз ҷумла Консепсияи баргузории Конфронс, Харитаи роҳ, Стратегияи корбарӣ бо ВАО, изҳороти назариявӣ ва ғайра таҳия шуд, ки барои омодагӣ ба Конфронс ва корбарӣ бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор мусоидат менамоянд. Илова бар ин, дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории тоҷикистонӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, инчунин Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал лоиҳаи мавзуъҳои интерактивии Конфронс, Нақшаи ҷалби тарафҳои манфиатдор, уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар соҳаи об, лоиҳаи Ҳисоботи миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии об ва дигар санаду маълумотномаҳои марбут ба мундариҷаи Конфронс таҳия гардид.

Ҷониби мо то имрӯз, якҷо бо Нидерланд ба мақсади муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи Конфронси мазкур якчанд ҷаласаҳои махсусро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор намуд. Аз ҷумла, Ҳафтаи ҷаҳонии об (августи соли 2021 дар Стокголм), Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2021, Глазго), ҷаласаи Гурӯҳи дӯстони об (октябри соли 2021, Ню-Йорк), ҷаласаи СММ-Об (октбяри соли 2021, Женева), Форуми 9-уми ҷаҳонии об (марти соли 2022, Сенегал), Саммити 4-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором (апрели соли 2022, Ҷопон), Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об (июни соли 2022), Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2022, Миср).

Дар доираи омодагиҳо ба Конфронси мазкур баргузории Марафони глобалӣ бо ширкати давандаи машҳури австралиягӣ хонум Мина Гули оғоз гардид, ки он аз 22 марти соли 2022 то 22 марти соли 2023 давом мекунад. Дар ин давра, дар маҷмуъ, 200 марафон дар мавзеъҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ташкил шуда, дар доираи он ҷалби беш аз 200 миллион нафар ва гирифтани уҳдадорӣ аз ҷониби 200 ширкати хусусӣ оид ба татбиқи амалҳо дар соҳаи об дар назар аст. Тавре маълум аст, хонум Мина Гули дар ҳошияи Конфронси дуюми Душанбе оид ба даҳсолаи об (6-9 июни соли 2022) чунин марафонро дар кишвари мо низ баргузор намуд. Дар намоишгоҳи махсус, ки дар ҳошияи Конфронси СММ-2023 дар Ню-Йорк доир мегардад, натиҷаҳои Марафони байналмилалӣ тавассути аксу видеонаворҳо ба маърази тамошобинон гузошта мешавад.

Дар ҷараёни Конфронси оби СММ-2023 қарор аст, дар баробари дигар мушкилоти марбут ба захираҳои об, ба рушди устувор ва мудирияти ҳамаҷонибаи захираҳои обӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳити зист, татбиқу тарғиби барномаву тарҳҳои марбута, инчунин таҳкими ҳамкорӣ, шарокат дар ҳама сатҳҳо ба манзури мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 бозтоб ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. Мо умед дорем, ки баргузории нишасти мазкур дар сатҳи олӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ дар раванди амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳамоиши таърихӣ хеле зиёд аст ва кишвари мо тавассути омодагии фарогиру ҳамаҷониба саъй мекунад, то Конфронси мазкурро дарвоқеъ, натиҷаовар гардонад. Дар ин росто, Тоҷикистону Нидерланд ҳамчун мизбонони ин ҳамоиш ба манзури муваффақ арзёбӣ шудани Конфронс, ҷалби бештари таваҷҷуҳ ва маблағгузорӣ ба соҳаи об, аз кишварҳои узви СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоранд, ки дар баробари иштироки фаъол дар кори Конфронс, инчунин уҳдадориҳои ихтиёрии худро оид ба суръатбахшӣ ба амалҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об, эълон намоянд.

Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз ҷаласаҳои пленарӣ ва интерактивӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо, инчунин дар ҳошияи Конфронс, зиёда аз 200 чорабинии канории мавзуӣ танҳо дар қароргоҳи Созмон ба таври ҳузурӣ ташкил карда мешавад ва зиёда аз 200 чорабинии дигар берун аз қароргоҳи СММ ё тариқи онлайнӣ дар рӯзҳои Конфронс баргузор мегардад.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Конфронси соли 2025, чорабинии ҷамъбастӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳо ва татбиқи қатъномаи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо саъй бар он хоҳем кард, то бо ҳамаи ҳамёрон якчанд чорабинию намоишҳои муҳимро дар кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон баргузор намоем. Натиҷаи ин чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъбасти пешниҳодҳои мушаххас ба мақсади таҳияи барнома ва лоиҳаи санадҳое, ки дар ин Конфронс қабул хоҳанд шуд, мусоидат мекунад. Боварӣ дорем, ки дар доираи ин ҳамоиш стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, мо бояд ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати назорату мониторинги вазъу ҳолати пиряхҳои кишвар ва минтақа, аз ҷумла тариқи истифодаи аксҳои моҳворавӣ ва технологияҳои муосир ба роҳ монем. Чунин ҳамкории муштарак, аллакай бо ЮНЕСКО оғоз гардид ва мо кӯшиш хоҳем кард, то дар раванди татбиқи ин ташаббус марказҳои байналмилалии пажӯҳишӣ, ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳоро ҷалб намоем.

Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту роҳбарии Пешвои миллат, ки ташаббускори ин қатъномаҳо ҳастанд, Тоҷикистон ҳамаи иқдомҳои созандаи худро то ҳадди ниҳоӣ муваффақона анҷом хоҳад дод.

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон