Перейти к содержимому
 

Сарбозони шаҳри Бӯстон ҳамсолони худро ба ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан даъват намуданд.

СУҒД, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти унвони «Хизмати Модар- Ватанро аз дилу ҷон мекунем!» мулоқоти афсарону сарбозон бо хатмкунандагони Гимназияи 2 баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳр.

Мулоқот бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Иштирокдорон оид ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матиниродаи мо имрӯзҳо бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиамонро муҳофизат карда истодаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023»  тасмим гирифта шудааст, ки ҷавонписарони синни даъватӣ, ки барои адои қарзи шаҳрвандии хеш омодаанд, дар Ташкилоти мададгори мудофиа тариқи ройгон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифт шуда, пас аз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидан онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд. Зимни суҳбат сарбозони шуҷои Гвардияи миллӣ Наврӯз Хушаков ва Шаҳзод Қудратов аз шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва раванди адои қарзи шаҳрвандӣ сухан гуфта, ҳамсолони худро ба ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан ва иҷрои қарзи фарзандӣ даъват намуданд.