Перейти к содержимому
 

Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба марафони шиноварӣ доир карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар мамлакат ҷамъомаду  мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба марафони шиноварӣ баргузор карда мешаванд. Чунин иброз гардид зимни вохӯрии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Абдулло Раҳмонзода бо Президенти Ташкилоти варзишҳои обии ҷаҳонӣ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар КМОТ.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин президенти Федератсияи байналмилалии Кураш, директори Департаменти Бозиҳои Осиёии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар, аз ҷониби КМОТ ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Муҳаммадшо Абдуллозода ва директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева ширкат доштанд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки агар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1000 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шуда буд, ин шумора феълан ба беш аз 10 000 расидааст. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишҳои обӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд, ки имкон аст дар он мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Чунин вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, котиби генералии Кумитаи олимпии Кувайт, Президенти Ташкилоти «Варзишҳои обии ҷаҳонӣ» Ҳусейн Ал-Мусаллам ва ҳайати ҳамроҳонаш доир гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари обҳои мусаффост, намудҳои гуногуни варзишҳои обӣ ва шиноварӣ рушд намудаанд. Мояи сарфарозист, ки ташаббусҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон дар мавриди об ва иқлим 5 маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти рушду густариши намудҳои гуногуни варзиши обӣ, шиноварӣ, велосипедронии варзишӣ, заврақронӣ, варзиши сабук, гӯштин ва дигар мавзӯъҳои мубрам таболуди афкор намуданд.

Зимни вохӯрӣ омодагии ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор карда шуд.