Перейти к содержимому
 

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21.12.2022 20:11, шаҳри Душанбе.

Имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (СҶҲ) муҳтарам Петтери Таалас ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо самимона шодбош гӯям.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ омода аст ин ташаббуси муҳимро бо ниҳодҳои илмӣ ва коршиносони худ дастгирӣ намояд. Мо пешвоии қавии Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии об ва криосфера эътироф менамоем. Чанде пеш имкони хубе доштам, то аз кишвари Шумо боздид намоям ва таъсири тағирёбии иқлимро ба пиряхҳои Шумо бубинам.

Бесаброна мунтазири идома ёфтани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалиамон дар чорабиниҳои канории Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) моҳи марти соли 2023 ҷиҳати таблиғи мавзӯъҳои асосӣ, аз қабили таъсири иқлим ба пиряхҳо ва гардиши об, инчунин андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба ин тағйирот, аз ҷумла рушди хадамот ва имконоти мукаммали огоҳсозии барвақтӣ мутобиқи даъвати Дабири кулли СММ оид ба огоҳии бармаҳал барои ҳама, ки онро СҶҲ дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) роҳбарӣ мекунад, ҳастам. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарин ва эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».