Дар таълимгоҳи №54 - уми ноҳияи Синои пойтахт 4584 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Раванди таълим дар муассиса бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Тавре мушоҳида намудем, таълимгоҳ дорои 66 синфхона буда, хамаи он бо асбобу лавозимоти хониш муҷаҳҳаз мебошанд. Бояд гуфт, ки дар муассисаи мазкур 14 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, соатҳои дарсӣ тавассути тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд.