Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки он то 16 декабр идома меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуданд ва китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳи байналмилалии китоб то 16 декабр идома меёбад.