Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокдорон маҳорати зеҳнии хешро аз рўи номинатсияҳои физика, астраномия, математика, технологияи иттилоотӣ ва биология санҷиданд. Ногуфта намонад, ки соли равон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 14 нафар донишҷӯ аз рӯи 7 наминатсия ширкат меварзанд. Дар рӯзи аввали озмун барои иштирокдорони фанни физика ва астрономия 5 - масъала аз барномаҳои таълимӣ пешниход гардида, ба онхо 3 соат вақт ҷудо карда шудааст.