Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-уми шаҳри Кӯлоб дар сатҳи хуб ҷараён дошта, иншооти мазкур барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз ду ошёна ва аз 10 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Хотиррасон менамоем, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 50 Муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, хонандагон аз паи таҳсил ҳастанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад дар шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб 32 бинои нав ва 203 синфхонаи иловагӣ дар назди мактабҳо барои зиёда аз 12480 ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шудааст.