Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ - ҷамъиятӣ ва намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони маорифи ноҳияи Шоҳмансур тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад бархе аз муовинони директорон оид ба тарбия дар мавзуи «Сабаб ва омилхои пастравии маънавиёти хонандагон» маърӯза намуда, роҳҳои пешгирии онро бо мисолу андешахои ҷолиб баён доштанд.