Перейти к содержимому
 

Оғози даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ш. Душанбе.

 Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври 2-юми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид. Тибқи маълумот соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд.